11 Episodes
2021 First episode About Нерӯи волидон Барои чӣ тарбияи ҷинсӣ муҳим аст? Боре аз худ пурсидаед, ки он чӣ гуна ба амнияти фарзанди шумо алоқамандӣ дорад? Оё андеша кардаед, ки набудани иттилоъ оид ба табияи ҷинсӣ ба чӣ оқибатҳо оварда мерасонад? Ба хусус барои духтарон?
Ин ва дигар суолҳоро мо дар подкасти “Нерӯи волидон”, ки аз ҷониби гурӯҳи ташаббускори “Чатри норинҷӣ” омода шудааст, мавриди баррасӣ қарор медиҳем.
Publisher Chatri Norinji / Чатри Норинҷӣ
Category kids & family
Language tg
Explicit Yes
First episode 28 Feb 2021
Latest episode 19 Jul 2021 Latest episodes 11 episodes in the feed.
19 Jul 2021
Нашри 10. Агар волидон фаҳманд, ки фарзанди онҳо бо хушунати ҷинсӣ дучор шудааст, волидон бояд чӣ кор кунанд? Дар нашри хотимавӣ подкасти Неруи Волидон мо дар якҷоягӣ бо Гулчеҳра Раҳмонова, директори Фонди Чамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқии» кӯшиш кардем фаҳмем, ки агар волидайн аз хушунати ҷинсӣ ранҷидани кӯдак хабардор шаванд бояд чӣ кор кунанд. Дар ин шумора, инчунин Шоира Юсупова, яке аз аъзоҳои Гурӯҳи ташаббускори “Чатри Норинҷӣ”, нақл кард, ки чӣ гуна духтари 11-солаашро, ки дар бозор бо бадахлоқии ҷинсӣ дучор шуд, ҳимоят кард.
3 Jul 2021
Нашри 9. Ва боз ҳам дар бораи таҷовузи ҷинсӣ нисбат ба кӯдакон Дар нашри 9 мо тасмим гирифтем дар бораи чӣ тавр метавонанд волидайн ҳолати бо кӯдак рух додани зӯроварии ҷинсиро фаҳманд, гап занем. Бо истифода аз маводҳои платформаи русиягии "Тебе поверят (Ба ту бовар мекунанд)" бо кӯшиш мекунем ба волидон фаҳмонем, ки бо кадом роҳҳо онҳо метавонанд дарк кунанд, ки бо кӯдаки онҳо чизе ғайричашмдошт рух медиҳад, аз ҷумла зӯроварӣ ё ётаҷовузи ҷинсӣ. Барои чӣ кӯдак оид ба ин ҳолатҳо хомӯш меистад. Волидайн бояд чӣ кор кунанд, вақте дар бораи ин ҳолати номатлуб мефаҳманд? Дар ин нашр, мо ба ин ва дигар суолҳо ҷавоб хоҳем дод.
14 Jun 2021
Нашри 8. Нақши падар дар тарбияи фарзанд, алахусус духтарон Дар ин шумора, якҷоя бо Орзу Исоев, рӯзноманигори маъруф, шоир ва таронанависи машҳури тоҷик, падари се фарзанд: Таманнои 18 сола, Довуд ва Анушервони 15 ва 13 сола, масъалаҳои гуногунро муҳокима кардем. Орзу оид ба тарбияи фарзандон, алахусус дар бораи нақши ӯ ҳамчун падар дар тарбияи духтараш ба мо гуфт, ки арзандаи шунидан аст.
14 Jun 2021
Выпуск 7. Говорить о половом воспитании с детьми или бояться? Эта запись седьмого выпуска нашего подкаста, который был приурочен к Дню защиты детей 1 июня. Седьмой выпуск подкаста записан в открытой записи и на русском языке. Мы решили записать его на русском, чтобы обобщить информацию, о которой мы говорили в других выпусках подкаста на таджикском языке. Вместе с известным психологом Фирузой Мирзоевой в этой открытой записи мы обсудили важность и содержание полового воспитания, роль родителей в половом воспитании детей, как им побороть свой страх и стыд, а также ответили на вопросы из чата. Свои комментарии и отзывы к данному выпуску Вы можете оставить на наших страницах в Фейсбук и Инстаграм. А также, Вы можете оставить свои вопросы и предложения по темам, которые были бы Вам интересны.
17 May 2021
Нашри 6. Сайберозорӣ ё таҷовузи шаҳвонии онлайнӣ? Оё роҳи ҳал - манъ кардани истифодаи интернет аст? Волидон бояд чӣ кор кунанд? Сайберозорӣ ё хушунати онлайнӣ? Таҷовузи шаҳвонии онлайнӣ? Оё роҳи ҳал - манъ кардани истифодаи интернет аст? Волидон бояд чӣ кор кунанд? Биёед инро якҷоя дар бахши шашуми подкасти “Нерӯи волидон” муайян мекунем!
Фариштамох Гулова, мутахассиси соҳаи IT (навовариҳои муосир) дар нашри навбатии подкасти “Нерӯи волидон” ба мову шумо мефаҳмонад, ки сайберозорӣ, хушунати онлайнӣ ё таҷовузи онлайнӣ чисту чаро манъ кардани истифодаи Интернет роҳи ҳалли ин мушкилот шуда наметавонад.
Мисли ҳарвақта, мо маслиҳатҳои бехатарро дар ин самт бароятон пешкаш мекунем, ки ҳар як волид метавонад барои пешгирии таҷовузи шаҳвонии онлайнӣ истифода барад.
4 May 2021
Нашри 5. Зӯроварии ҷинсиро пешгирӣ кардан мумкин аст: нақши волидон Дар нашри панҷуми подкасти «Нерӯи волидон”-и гурӯҳи ташаббускори “Чатри норинҷӣ”, ки дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” омода шудааст, дар бораи чӣ будани зӯроварии ҷинсӣ, сабаб ва намудҳои он маълумот гиред. Дар ин нашр меҳмонони мо София Қосимова, ҷомеашинос ва муҳаққиқи соҳаи гендер, номзади илмҳои фалсафа, ва Гулчеҳра Раҳмонова, ҳуқуқшинос, ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” дар бораи стратегияҳои пешгирии зӯроварии ҷинсӣ ва нақши волидайн дар пешгири маълумот доданд. Инчунин Нодира Абдуллоева, асосгузори гурӯҳи ташаббускори “Чатри норинҷӣ” оид ба қоидаи НЕРУ, ки қадамҳои самарабахши дар пешгирии зӯроварии ҷинсӣ шуда метавонанд, маълумот дод.
18 Apr 2021
Нашри 4. Оё барои фарзанди маъюби ман таълимоти ҷинсӣ зарур аст? Дар қисми чоруми подкасти Нерӯи волидон, мо дар бораи аҳамияти таълимоти ҷинсӣ барои кӯдакони маъюбиятдошта ва нақши волидайни онҳо дар ин раванд, сӯҳбат хоҳем кард.
Оё рост аст, ки чунин кӯдакон талаботи шаҳвониашон бештар аст? Ва лозим аст, ки ба онҳо дар бораи таълимоти ҷинсӣ маълумот дод?
Ба ин ва дигар саволҳо ба мо Саида Иноятова, директори ташкилоти ҷамъиятии Лигаи занони маъюб - "Иштирок" ва Тахмина Ҳакимова-Риз, асосгузор ва директори ташкилоти ҷамъиятии "Назари дигар" посух хоҳанд гуфт.
4 Apr 2021
Нашри 3. Чаро ман ба хулоса омадам, ки бояд ба саволҳои нороҳаткунандаи фарзандон дар бораи тарбияи ҷинсӣ ҷавоб доданро ёд гирам ва ман инро чӣ тавр иҷро мекунам? Дар нашри сеюми подкаст “Нерӯи волидон”-и гурӯҳи ташаббускори “Чатри Норинҷӣ” (https://www.facebook.com/ChatriNorinj) меҳмони мо волидоне мебошанд, ки мафҳуми аҳамияти ҷинсро дарк карда, дар зиндагии худ ба тарбияи фарзандон дар ин самт кор мекунанд. Бо фарзандони худ дар бораи тарбияи ҷинсӣ чӣ гуна сӯҳбат бояд кард? Фарзандон ба онҳо чӣ гуна саволҳои нороҳаткунанда доданд? Аз таҷрибаи худ ба дигарон чӣ маслиҳат дода метавонанд?
Ба ин ва дигар саволҳои вобаста ба тарбияи ҷинсии кӯдакон, дар нашри навбатии подкасти худ бо Малика Ҷӯрақулова - фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, мутаҳассиси соҳаи гендер, блоггер ва феминист, модари ду фарзанди 8 ва 12 сола, ва Субҳон Ҷалилов - ровии маъруфи радио, директори ширкати радиотелевизионии “Радио Ватан”, падари ду писари 18 ва 14-сола, ва як духтарчаи 8-сола, ҷавоб хоҳем гирифт.
21 Mar 2021
Нашри 2. Чӣ гуна бо кӯдак дар бораи бехатарии ҷисмӣ сӯҳбат кард ва ба саволҳои нороҳанткунандаи ӯ ҷавоб дод? Оё ҳангоми гуфтугӯ дар ин мавзӯъ ягон қоидае вуҷуд дорад, ки риоя кардани он муҳим аст?
Барои посух додан ба "саволҳои нороҳаткунанда" ба шумо чӣ қадар тафсилот лозим аст?
Чӣ тавр бояд боварӣ ҳосил кард, ки шумо дар ин мавзӯъ ба кӯдак маълумоти заруриро додед: на каму на зиёд?
Ба ин ва дигар суолҳои муҳим дар бораи бехатарии ҷинсии кӯдак ва ҷавоб ба суолҳои нороҳаткунанда, дар нашри навбатии подкасти “Нерӯи волидон” бо мухатассиси гендерӣ Субҳия Мастоношоева, посух хоҳем гуфт.
8 Mar 2021
Нашри 1. Оё рост аст, ки тарбияи ҷинсӣ ин маълумот дар бораи муносибатҳои ҷинсӣ ва ҳама чизи атрофи он пайвастбуда, аст? Мавзӯи тарбияи ҷинсӣ як қатор асотир, ё худ афсона ва стереотипҳо ба бор овардааст, ки дар натиҷа волидон аз зикри калимаи ҷинс, ё худ тарбияи ҷинсӣ ва алоқамандии он ба кӯдак метарсанд.
Оё дар ҳақиқат тарбияи ҷинсӣ ин таълимот дар бораи алоқаи ҷинсӣ аст? Ин ва дигар суолҳоро дар нашри нахустини подкасти худ “Нерӯи волидон” бо мутахассиси соҳаи гендер Субҳия Мастоншоева мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба ҳадаф ва вазифаҳои тарбияи ҷинсӣ ва нақши волидонро дар ин раванд муҳокима хоҳем кард.
Подкасти “Неруи волидайн”-ро дар тамоми палфтормаҳо гӯш карда, ба саҳифаи фейсбукии “Чатри норинҷӣ” пайваст шуданро фаромӯш накунед.
28 Feb 2021
Шарҳи мухтасари подкасти Неруи Волидон Барои чӣ тарбияи ҷинсӣ муҳим аст? Боре аз худ пурсидаед, ки он чӣ гуна ба амнияти фарзанди шумо алоқамандӣ дорад? Оё андеша кардаед, ки набудани иттилоъ оид ба табияи ҷинсӣ ба чӣ оқибатҳо оварда мерасонад? Ба хусус барои духтарон?
Ин ва дигар суолҳоро мо дар подкасти “Нерӯи волидон”, ки аз ҷониби гурӯҳи ташаббускори “Чатри норинҷӣ” омода шудааст, мавриди баррасӣ қарор медиҳем.
Бовар бар он дорем, ки мо - калонсолон, волидайн ва мутахассисони соҳаҳои гуногун метавонем дар якҷоягӣ, дунёи фарзандони худро аз хушунат ва зӯроварӣ орӣ гардонда, онҳоро дар олами меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмию дастгирикунанда тарбият намоем.
Дар подкастҳои мо - волидайн, ҳамчунин, онҳое, ки фарзондони маъюбиятдоштаро ба воя мерасонанд, аз таҷрибаи худ дар самти таълими ҷинсӣ ба фарзандонашон, сӯҳбат карда, мутахассисон, гинекологҳо, ҳуқуқшиносу равоншиносон оид ба бунёди дунёи бехатар дар атрофи фарзандон, нақл хоҳанд кард.
Research this show Explore Pod Engine's podcast research tools and transcript access.
See plans Is this your podcast? Claim your show to manage its details on Pod Engine.
Claim Нерӯи волидон Where this data comes from Each source has its own observation date. These dates do not mean all data was checked at once.
RSS feed Last successful check: 23 Aug 2026 .
Apple Podcasts ratings (US) Snapshot recorded: 15 May 2026 .
Spotify ratings Snapshot recorded: Date unavailable. Host of Нерӯи волидон? Claim your podcast to manage its listing and keep your show details accurate.
Claim this podcast Pod Engine is an independent podcast discovery and analytics service and is not affiliated with or endorsed by this podcast. Artwork and show content belong to their owners. Full legal notice .
Explore this showPodcast research with Pod Engine
See plans